- лавҳ
- [لوح]а1. ҳар чизи сатҳаш паҳни сангӣ, филизӣ ва ғ., ки дар рӯи он хат менавиштанд ё нақшу нигор мекашиданд; лавҳи мазор сангнавиштаи сари қабр, санги мазор2. ду тахтаи аз ҳам гузаронидашудаи шабеҳ ба курсича, ки бар рӯи он китобро монда мехонанд; лавҳи нотамонӣ тахтачаи поядор барои рӯи он гузошта хондани нота3. тахтачаи мусаттаҳи мактабҳои қадим, ки ба рӯи он ҳарфҳо навишта, ба шогирдон меомӯзонданд: лавҳи таълим4. тахтачаи расмкашии рассомон5. саҳифаи аввали бо нақшҳои рангин ороишдодашудаи китобу дастнависҳои қадимӣ; сарлавҳ; лавҳу ҷадвалкашӣ ороишу зинатдиҳӣ ва кашидани рахи сатрҳои китобу дастнависҳо (-и қадимӣ)6. ниг. лавҳа; лавҳ кашидан сурат кашидан, расм кашидан◊ лавҳи маҳфуз кит. сарнавишт; лавҳи хотир сафҳаи хотир; хотира, ёд; аз лавҳи хотир рафтан фаромӯш шудан, аз ёд рафтан, аз ёд баромадан; ба лавҳи хотир нақш бастан дар ёд мондан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.